Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паради низомӣ дар Рӯзи истиқлоли Украина


Рӯзи 24 август ҳазорон нафар дар Киев баа муносибати Рӯзи истиқлоли Украина раҳпаймоӣ карданд. Раисиҷумҳур Петро Порошенко дар паради низомӣ гуфт, Украина афзоиши шумори нирӯҳои мусаллаҳашро ба хотири рафъи ҳамлаҳои ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия дар шарқи кишвар идома медиҳад. Аз апрели соли 2014 низоъ дар шарқи Украина мунҷар ба ҳалокати беш аз 6800 нафар шудааст. Оташбаси байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабон, ки моҳи феврал дар Минск имзо шуд, пайваста поймол мешавад. Авҷи ахири хушунатҳо дар шарқи Украина ҳафтаи гузашта мушоҳида шуд. Порошенко гуфт, дар марзи Русия бо Украина 50 000 нирӯҳои Русия ҷамъ шуда, 9000 нирӯи дигар дар вилоятҳои таҳти назорати ҷудоихоҳон ба чирикиҳои тарафдори Русия кумак мекунанд. Ӯ гуфт, ҳафтаи гузашта корвонҳои нави низомӣ аз марзи Русия убур карданд. Киев ва давлатҳои Ғарб, ки алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд, мегӯянд, далелҳои раднопазир дахолати Русия дар низои Украинаро собит мекунанд. Маскав ироаи нирӯ ё аслиҳа ба ҷудоиталабонро рад мекунад. Порошенко рӯзи 24 август дар Берлин бо сарони Фаронса ва Олмон авҷи нави низоъ дар шарқи Украинаро баҳс мекунад.

XS
SM
MD
LG