Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Паҳанг”-и Малайзия – рақиби “Истиқлол” - ба Душанбе омад


​Имрӯз, 24 август, дастаи «Паҳанг»-и Малайзия барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Имрӯз, 24 август, дастаи «Паҳанг»-и Малайзия барои бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад. Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, дастаи “Паҳанг”, барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Малайзия, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷой гирифтааст. Ба ҳайати даста 15 футболбоз шомил аст.

Ҳайати «Паҳанг» дар бозӣ бо «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Хайрул Ахзан Халид, Маҳд Насрул Нуриддин.

Ҳимоятгарон: Моҳд Сайфул Низом, Моҳд Шаҳризон Солеҳ, Моҳд Зайза Зайналобиддин, Мэтю Дэвис (Австралия), Моҳд Разман Рослан, Зеш Раҳмон.

Нимҳимоятгарон: Сурендран Равиндран, Дэмиан Стюарт (Ямайка), Моҳд Ризо Шафиқ, Моҳд Ҳафиз Камол, Копинатхан Рамачандра.

Ҳамлагарон: Матиас Конти (Аргентина), Моҳд Аъзамуддин Оқил.

Ёдовар мешавем, бозии аввали 1/4 финалии Ҷоми AFC байни «Истиқлол» ва «Паҳанг» рӯзи чоршанбе, 26 август, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 шурӯъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар Куантана барпо мегардад.

Дар мавриди пирӯзӣ «Истиқлол» дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт» (Кувайт) — «Китчӣ» (Ҳонконг) рақобат хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷкистон, агар «Истиқлол» ба финали Ҷоми AFC роҳ ёбад, он гоҳ бозии ниҳоӣ 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҷоми AFC-2015

Чаҳорякфинал. Бозиҳои аввал

25 август (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ал-Ҷайш» (Сурия)

«Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) – «Саут Чайна» (Ҳонконг)

26 август (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Паҳанг» (Малайзия)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «Китчӣ» (Ҳонконг)

Чаҳорякфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

15 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ҷайш» (Сурия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Саут Чайна» (Ҳонконг) – «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия)

16 сентябр (чоршанбе)

«Паҳанг» (Малайзия) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Китчӣ» (Ҳонконг) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

Нимфинал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш» — Ғолиби ҷуфти «Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна»

30 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти КВ «Кувайт»/«Китчӣ» — Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг»

Нимфинал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти“Ҷоҳор Дарул Такзим»/«Саут Чайна» — Ғолиби ҷуфти «Ал-Қодсия»/«Ал-Ҷайш»

21 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «ИСТИҚЛОЛ»/«Паҳанг» — Ғолиби ҷуфтиКВ «Кувайт»/«Китчӣ»

Финал

31 октябр (шанбе)

XS
SM
MD
LG