Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши якҷояи мактаббачаҳои тоҷику қирғиз


Беш аз 80 хонанда аз Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи коҳиши сатҳи низоъ дар манотиқи марзиро омӯзиш дидаанд. Масъулони идораи маорифи вилояти Суғд гуфтанд, ки ин хонандаҳо аз мактаби наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилоятҳои Бодканд, Ҷалолобод ва Ӯши Қирғизистон буда, се рӯз дар осоишгоҳи “Баҳористон”, воқеъ дар шаҳри Қайроққум, шеваҳои коҳиш додани шиддатнокӣ миёни ҷавононро аз худ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин давраи омӯзишӣ, ки ҳамзамон бо истироҳати хонандагон сурат гирифт, бо ибтикори шабакаи созмонҳои иҷтимоии “Водии Сулҳ” анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG