Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби $ аз 71 рубл гузашт


Қурби як доллар рӯзи 24 август аз 71 рубли русӣ гузашт. Қурби доллару евро дар муқобили рубл дар соатҳои аввали кори биржаи Маскав боз боло рафт ва ба сатҳи аз моҳи феврал ба ин сӯ бесобиқа расид. Қурби як долар ба 71,28 рубл хестааст, ки назар ба рӯзи ҷумъа 1,65 рубл гаронтар аст. Қурби евро низ 2,44 рубл болотар рафта, ба 81,55 рубл барои як евро расидааст. Коҳиши қурби рубл дар ҳолест ки нархи нафт, маҳсулоти асосии содиротии Русия, низ рӯзи 24 август боз пойинтар рафт. Нархи нафти навъи Брент ва нафти Амрико ба далели омилҳое, чун кам шудани талабот дар Чин, ба ҳадди барои шашуним соли охир пойинтарин расидааст. Як бушка нафти хоми Амрико 3 дарсад коҳиш ёфта, ба 39,20 доллар расид. Брент низ 2,4 фоизи қиматашро аз даст дод ва ҳоло як бушкааш 44, 40 доллар фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG