Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шинзо Абэ дар паради Чин ширкат намекунад


Шинзо Абэ
Шинзо Абэ

Сарвазири Ҷопон Шинзо Абэ дар паради низомие, ки дар Чин ба муносибати солгарди 70-уми хатми Ҷанги дувуми ҷаҳон доир мешавад, ширкат нахоҳад кард. Сухангӯи ҳукумати Ҷопон рӯзи 24 август гуфт, ин қарор дар пайи баррасии фаъолиятҳои парлумонӣ ва ҷадвали мулоқотҳои сиёсии сарвазир қабул шудааст. Аммо мӯҳтавои зиддиҷопонии паради қарибулвуғқӯъ низ метавонад як сабаби худдории Абэ аз ширкат дар он шуда бошад. Абэ изҳори умед кардааст, ки ин парад оҳанги зиддиҷопонӣ нахоҳад гирифт. Ҷопон дар даврони Ҷанги дувуми ҷаҳон Чинро ишғол карда буд. Чин гуфтааст, паради низомӣ ба хотири солгарди 70-уми пирӯзӣ бар Ҷопон ва ба манзури намоиши тааҳҳуд ба сулҳ доир карда мешавад.

XS
SM
MD
LG