Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз раҳоии рақиби Лукашенка


Микалай Статкевич баъд аз раҳоӣ
Микалай Статкевич баъд аз раҳоӣ

Вазорати хориҷаи Амрико аз раҳоии сиёсатмадори мухолиф ва номзади собиқ ба президентии Беларус Микалай Статкевич ва 5 маҳбуси дигар истиқбол кард. Сухангӯи Департаменти давлатӣ Ҷон Уирби рӯзи 23 август раҳоии ин маҳбусонро “рӯйдоди мусбат барои мардуми Беларус ва қадами муҳим ба сӯи оддӣ сохтани равобит бо Амрико” номид. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА ва кумиссари масоили тавсиаи ин созмон Йоҳаннес Ҳан низ дар як баёнияи муштарак раҳоии Статкевич ва 5 маҳбуси дигарро “пешрафти муҳим ба сӯи беҳбуди равобити байни ИА ва Беларус” унвон карданд. Статкевич ба таври ногаҳонӣ рӯзи 22 август озод карда буд. Ӯ баъди интихоботи президентии соли 2010 боздошт ва дар соли 2011 бо ҷурми “ташкили бетартибиҳои оммавӣ” баъд аз он маърака маҳкум ба зиндон шуда буд. Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка рӯзи 22 август фармон баровард, ки “бар асоси асли башардӯстӣ” Статкевич, Микалай Дедков, Иҳар Олиневич, Явҳен Васкович, Артсём Прокопенко ва Юрий Рубтсовро афв ва аз зиндон озод мекунад.

XS
SM
MD
LG