Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сарбози Туркия дар таркиш кушта шуданд


Ду сарбози Туркия бар асари ба маводи тарканда бархӯрдани мошинашон дар ҷанубушарқи ин кишвар кушта шуданд. Ин таркиш рӯзи 24 август дар наздикии шаҳри Семдинлии вилояти умдатан курднишини Ҳаккорӣ рух додааст. Ин яке аз ҳамлаҳои охир дар пайи қатъи оташбас бо ҷангиёни курд мебошад. Туркия аз поёни моҳи июл алайҳи пойгоҳҳои ҳизби коргарии Курдистон дар шимоли Ироқ беш аз 400 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Анкара мегӯяд, ин ҳамлаҳо дар посух ба ҳамалоти чирикиҳо ба афсарони пулис ва сарбозони Туркия мебошанд.

XS
SM
MD
LG