Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Бритониё дар Теҳрон аз нав боз шуд


Сафорати Бритониё дар Теҳрон
Сафорати Бритониё дар Теҳрон

Вазири хориҷаи Бритониё Филип Ҳаммонд гуфт, Бритониё мехоҳад бо Бонки марказии Эрон ҳамкорӣ бикунад, то дар пайи нармтар шудани равобити дипломатии ду кишвар кори бонкҳои Бритониё ҷиҳати сармоягузорӣ ва таъмини муомилоти тиҷорӣ бо Эрон осонтар шавад. Ҳаммонд дар ин бора рӯзи 23 август зимни мулоқоташ бо Валиуллоҳ Сайф, раиси Бонки марказии Эрон дар Теҳрон сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст, агар таҳримоти зидди Эрон бар асоси муомилаи ахири ҳастаӣ байни Теҳрону қудратҳои ҷаҳонӣ сабуктар шавад, ширкатҳои тиҷоративу саноатии Бритониё “бо камоли майл” пой ба бозори Эрон хоҳанд гузошт. Ҳаммонд гуфт, ниҳодҳои молии Бритониё мехоҳанд аз ин фаъолиятҳои пуштибонӣ кунанд, “вале ин бояд ба шеваи муносиб амалӣ шавад.” Валиуллоҳ Сайф гуфт, Эрону Бритониё дар гузашта равобити мусбат доштанд ва бояд он таҷрубаҳоро эҳё кунанд. Ҳаммонд рӯзи шанбе сафорати Бритониё дар Теҳронро боз кард. Ин сафорат 4 сол пеш, дар пайи ҳамлаи эътирозгарон иҷборан баста шуда буд. Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИСНО, ки таҳти назорати давлати Эрон аст, хабар дод, ки ҳамзамон сафорати Эрон дар Лондон низ дарҳояшро боз кардааст.

XS
SM
MD
LG