Пайвандҳои дастрасӣ

Торнамои рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар остонаи панҷумин солгарди таъсисёбияш фаъол хоҳад шуд. Назири Нусрат, сардабири “ИмрӯзNews” 24 август ба Озодӣ гуфт, “сомона омодааст ва шурӯъ аз ҳафтаи оянда фаъол мешавад.” Ба қавли ӯ, шакли сомонаи онҳо хабарӣ-таҳлилӣ буда, дар оянда бо ҷалби кормандони иловагӣ фаъолияташонро дар бахши чандрасонаӣ низ ба роҳ хоҳанд монд. “ИмрӯзNews” аввалин рӯзномаи мустақили Тоҷикистон буда, аз моҳи августи соли 2010 ҳафтае панҷ бор нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG