Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти раиси ҷамоати "Фирӯза" ба иттиҳоми “ришвагирӣ”


Раиси ҷамоати “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав ба гуомни ришваситонӣ аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шудааст. Салим Исмоилзода -- мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав бо тасдиқи ин хабар 24 август ба Озодӣ гуфт, “раиси ҷамоати "Фирӯза" гӯё аз як зани ниёзманд ба қитъаи замин, ки мехостааст хона созад, 700 доллар талаб намудааст”. Ин ҳодисаи аввалини боздошти раиси ҷамоат дар Хатлон набудааст. Чанд ҳафтаи пеш низ раиси ҷамоати деҳоти ба номи "Ҷӯра Назаров"-и ноҳияи Шаҳритус ба иттиҳоми гирифтани пул аз як сокини ин ноҳия боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG