Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навбатдории шабона баъди пайдо шудани парчами "сиёҳ"


Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритус
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритус

Дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа барои муайян кардани одамони ношинос ва шубҳанок аз ҳисоби асосан муаллимону фаъолони ҷамъиятӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст.

Мақомоти Қӯрғонтеппа мегӯянд, дар навоҳии ин минтақа аз ҳисоби асосан омӯзгорону фаъолони ҷамъиятӣ навбатдории шабона ташкил шудааст, ки ҳадафаш ошкор намудани "афроди бегона" ва "шубаҳанок" мебошад. Маркази асосии ин навбатдориҳо макотиби миёна буда, вале навбатдорон муваззаф будаанд, ки маркази деҳаҳо, ҷамоат ва ноҳияҳоро низ назорат кунанд.

Ҳарчанд масъулон расман далели чунин тасмимашонро шарҳ намедиҳанд, вале одамони огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки навбатдорӣ баъди ду дафъа пайдо шудани парчами сиёҳ бо навиштаи "Аллоҳ" дар маркази ноҳияи Шаҳритус ташкил гардидааст. Онҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд мақомот ин қазияро ҷиддӣ гирифтаанд ваё иттилое ба даст овардаанд, ки имкони такрори пайдо шудани парчами монанд ба "Давлати исломӣ"-ро таъйид мекунад.

"Ин навбатдорҳо агар нафари ношинос ваё шубҳанокро бинанд, бояд зуд мақомоти интизомиро огоҳ кунанд," -- гуфт нафари мусоҳиби мо.

Як масъули Идораи маориф ва илми минтақа низ дар сӯҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ ташкили навбатдорӣ аз ҳисоби омӯзгоронро тасдиқ кард. Ӯ нагуфт, ки чаро махсусан омӯзгорон ба ин кор ҷалб шудаанд, аммо гуфт, "ба онҳо чунин дастур шудааст". Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ин навбатдорӣ бар иловаи посбонони мактабҳо ташкил шуда, бар ивази он музде пардохт намешавад ва фақат вазифаи ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Як омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ки алакай шаби навбатдорияшро сипарӣ кардааст, гуфт, онҳоро асосан баъди пайдо шудани парчами монанд ба байрақи гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" ба ин кор ҷалб намудаанд. "Ҳадаф фақат амнияти минтақа аст. Мо дунафарӣ навбатдорӣ мекунем. Мактабу атрофи он ва кӯчаҳоро назорат менамоем. Нозири минтақавӣ пайваста бо мо дар тамос ҳаст ва аз ҳоли мо пурсида меистад. Тамоми талош барои он аст, ки коре, ки дар Шаҳритус шуда, одамонро ба таҳлука андохт, такрор нашавад," -- афзуд мусоҳиби мо аз Бохтар.

Ҳоло пайдо шудани парчами монанд ба парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ноҳияи Шаҳритус сӯҳбати хосу ом дар бозору кӯчаҳои вилояти Хатлонро гарм кардааст. Зоҳиран бисёриҳо ин хабарро аз даҳони якдигар шунида, ҳангоми нақл кардан ба дигарон низ аз обуранг истифода мекунанд. Барои мисол, агар иттилои расмӣ ин бошад, ки парчамро дар болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳияи Шаҳритус овехтаанд, мардум мегӯянд, ки гӯё ин парчам дар боми ҳукумат боло карда шудааст.

Мақомоти ноҳияи Шаҳритус мегӯянд, ки дар робита ба ин қазия алакай як гурӯҳ аз ҷавонони деҳаи Ленинободи ҷамоати деҳоти "Холматов" дастгир шуда, таҳқиқи қазия аз сӯи мақомоти интизомӣ идома дорад. Ба иттилои онҳо, то кунун масъулони ҷамоат ва фаъолони деҳа низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Вале масъулони ҳукумати ноҳияи Шаҳритус ба хотири халалдор нашудани ҷараёни тафтишот аз тафсилоти бештари боздошти гурӯҳе аз ҷавонон худдорӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, як сокини рустои Ленинободи ҷамоати деҳоти “Холматов” дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба камияш 5 нафар аз маҳаллаи онҳо боздошт шуда, наздиконашон чанд рӯз боз бо онҳо дидор карда наметавонанд. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, гӯё як нафари боздоштшуда хонандаи синфи 9-ум будааст.

Абдураҳим Урунов, раиси ҷамоати деҳоти "Холматов" ҳузури пулис ва мақомоти қудратиро дар деҳаи Ленинобод тасдиқ кард ва гуфт, онҳо машғули тафтишот ҳастанд. Ба қавли Урунов дар ҷамоати онҳо ва деҳаҳои дигари ноҳияи Шаҳритус низ навбатдорӣ аз ҳисоби фаъолон ташкил шудааст. Ӯ мегӯяд, аз ин тариқ ҷомеа аз сиёҳу сафед огоҳ шуда, афроди бегона зуд ба дом хоҳанд уфтод.

Номи деҳаи Ленинобод, ки сокинонаш асосан узбактаборанд, тайи моҳҳои охир дар сархатти расонаҳо қарор дошт ва он ҳам ба далели боздошти Ҳусейн Содиқови 30-сола, ки роҳбалади чанд ҷавоне ба Сурия будааст ва Парвиз Набиев, ки омӯзиши “ҷиҳод” дида, баъдан аз марзи Туркия ва Сурия ба кишвар омадааст.

Теъдоди сокинони ноҳияи Шаҳритус, ки ба Ироқу Сурия рафта, шомили "Давлати исломӣ" шудаанд, беш аз 10 нафар гуфта мешавад. Дар миёни онҳо як зан бо ду кӯдакаш низ будааст.

XS
SM
MD
LG