Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Порошенко аз муттаҳидони сиёсиаш


Петро Порошенко рӯзи 22-уми август дар вилояти Харков
Петро Порошенко рӯзи 22-уми август дар вилояти Харков

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, аз тамоми нерӯҳои сиёсии кишвараш хост, ислоҳоти пешниҳодӣ ба Қонуни асосиро ҳимоят кунанд, то муноқиша дар шарқи Украина хотима ёбад ва ба қавли ӯ, “таҷовузи Русия” шикаст хӯрад. Петро Порошенко дар Рӯзи парчами Украина ва дар остонаи рӯзи истиқлоли кишвар аз муттаҳидони сиёсиаш даъват кард, ки шубҳаву гумонро канор гузоранд ва ба тарафдории ислоҳи Қонуни асосӣ раъй диҳанд, ки барои манотиқи шарқӣ ва ҷудоиталаби кишвар “мақоми махсус” медиҳад. Тарҳи ислоҳот ба Қонуни асосӣ рӯзи 31-уми август барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод мешавад, вале аз ҳоло баҳс сари тарҳ дар ҳукумати эътилофии ғарбгарои Украина ҷудоӣ барангехтааст ва маълум нест, ки барои қабули тарҳ дар қироати дуввум 226 раъйи кофӣ ба даст меояд ё не. Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Украина ба чанде аз нерӯҳои сиёсии он кишвар фишор овардаанд, ки ба ҷудоиталабон ҳеҷ гуна имтиёз надиҳанд.

XS
SM
MD
LG