Пайвандҳои дастрасӣ

Сели нави муҳоҷирон дар Македония


Гурӯҳе аз муҳоҷирон дар истгоҳи роҳи оҳани Гевлегия дар Македония

Рӯзи 23-уми август, садҳо муҳоҷир ва паноҳҷӯ бемамониат аз қаламрави Юнон ба Македония ворид шуданд, зеро пулиси ин кишвар дигар маҷоли гирифтани роҳи онҳоро аз даст дод. Баъди кашмакашу бебандуборӣ дар чанд рӯзи гузашта дар марз, нерӯҳои амниятии Македония дигар маҷрои паноҳандагон ба хусус аз Сурия ва дигар кишварҳои ноороми Ховари Миёнаро гирифта натавонистанд. Бо вуҷуди онки пулиси зиддиюриши Македония дар гузаргоҳ ҳузур дошт, аммо ба муҳоҷирон муқовимат накард. Ҳукумати Македония вазъи фавқуллода эълон кард ва марзҳои ҷанубиашро ба рӯи муҳоҷирон баст, зеро рӯзона то 2 ҳазор нафар ба ин кишвар омада ва мехоҳанд аз ин тариқ худро ба Сербистон ва Маҷористон бирасонанд ва сипас ба кишварҳои дигари пешрафтаи Иттиҳодияи Аврупо бираванд. Пулиси Македония рӯзи 22-уми август ба зидди муҳоҷирон гази ашковар ва норинҷакҳои садоӣ истифода кард, вале дар ниҳоят натавонист, монеи вуруди издиҳоми чанд ҳазор нафарӣ ба қаламрави кишвар шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG