Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди истеъфояш Мӯҳсин Муҳаммадиев ба Қазоқистон рафт


Мӯҳсин Муҳаммадиев

Мӯҳсин Муҳаммадиев

Мӯҳсин Муҳаммадиев баъд аз як моҳи истеъфояш аз мақоми сармурабби дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои кор ба бошгоҳи "Ордабаси"-и вилояти Чимкенти Қазоқистон рафтааст.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии пешини дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ба ситоди бошгоҳи футболи "Ордабаси"-и Чимкенти Қазоқистон дохил шуд. Даъвати ӯ ба ин бошгоҳ баъди ба мақоми сармураббии "Ордабаси" таъин шудани Бахтиёр Байсеитов сурат гирифтааст, ки чанд рӯзи пеш дар ин симат Виктор Кумиковро иваз карда буд. Ҳоло "Ордабаси" дар мусобиқаи қаҳрамонии Қазоқистон дар мақоми панҷум қарор дорад ва расонаҳои он кишвар мегӯянд, раҳбарияти бошгоҳ дар пеши худ вазифа гузоштааст, ки бояд ба Ҷоми Аврупо роҳ ёбанд.

То кунун Мӯҳсин Муҳаммадиев далели ба ин бошгоҳ рафтани худро шарҳ надодааст, вале ин тасмими ӯ баъди истеъфояш аз мақоми сармурабии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи июл сурат мегирад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба нақл аз ӯ гуфта буд, ки истеъфои Муҳаммадиев ба “оғози нокомии тими миллии кишвар дар давраи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018” рабт дорад. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ду бозӣ ҳамагӣ як имтиёз гирифта буд ва Муҳаммадиеви 51-сола бо изҳори таассуф гуфтааст, ки “ман тамоми масъулият барои чунин натиҷаро ба дӯши худ мегирам.”

Мӯҳсин Муҳаммадиев ҳудуди ду сол қабл мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазовичро дар мақоми сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иваз карда буд. Вай соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи "Рубин”-и Қазон таъйин шуда буд. Бо бошгоҳи "Рубин” то моҳи декабри соли 2013 қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012 ин қарордод пеш аз мӯҳлат лағв шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21 октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, "Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006 то апрели 2008 сармураббии ин даста буд. Соли 2007 «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008 мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон ва аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG