Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​Сактаи қалбии корманди бонк баъди таҳқир шуданаш аз сӯи раис


Як корманди “Ипотека-бонк” баъди “гап шуниданаш” аз раҳбарият аз сактаи қалбӣ даргузаштааст.

Ин ҳодиса шаби 20 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбакистон иттифоқ уфтода, аммо маъмурони пулис мегӯянд, ки ҳанӯз барои таҳқиқи қазия муроҷиат нашудааст.

Ба иттилои манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, Музаффар Юсуфови 45-сола рӯзи 20 август дар ҷамъи ҳамкоронаш барои кам будани пули нақд дар бонк аз сӯи раҳбарият таҳқир шуда, баъди ба хонааш баргаштан ба сактаи қалбӣ дучор мегардад. Ин ҷаласа то соати 10-и шаб давом кардааст.

"Раҳбарияти бонк ба ҳар корманд гуфт, ки агар кор кардан мехоҳед, кор кунед, вагарна ҷойро холӣ намоед. Баъзеҳо инро як гапи одӣ қабул карданд. Баъзеи дигар сахт ба дил гирифтанд. Ба эҳтимоли зиёд Музаффар низ ин гапро сахт ба дил гирифтааст, ки баъди рафтан ба хона сактаи қалбӣ шудааст," – шарҳ дод як корманди “Ипотека-бонк”, ки нахост номаш ифшо шавад.

Аммо раҳбарияти намояндагии “Ипотека-бонк” дар Хоразм таҳқири кормандон дар ҷаласаи рӯзи 20 августро рад мекунанд. Як мақоми “Ипотека-бонк” дар Хоразм ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар ҷаласа ҳеч кас ҳеч касро таҳқир накард. Худатон медонед, ки дар ҳамагуна ҷаласа раҳбарият метавонад сахт гап занад, аммо таҳқир намекунад. Ман низ дар ҳамон ҷаласа будам ва чизе,ки ҳаст ҳамонро мегӯям. Инро бояд кормандони ҳифзи ҳуқуқ мушаххас кунанд.”

Кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм марги Музаффар Юсуфовро баъди ҷаласа бо ҳузури раҳбарияташ шарҳ надоданд. Танҳо корманди идораи пулиси Урганҷ баъди бардоштани гӯшӣ гуфт, ки ҳеч кас барои таҳқиқи ин ҳодиса муроҷиат накардааст.

Баъзан дар Узбакистон мушоҳида мешавад, ки бархе аз мақомдорон зердастони худро таҳқир карда, ҳатто мавриди зарбу лат қарор медиҳанд. Бархе аз ин кормандон дар пайи чунин рафтори мансабдорон ё аз сактаи дил мемиранд ваё худкушӣ мекунанд.

Барои мисол, моҳи июли соли ҷорӣ Нодирбек Ҳайдарови 29-сола, раҳбари хоҷагии деҳқонии "Ҳасанбой-ҳоҷӣ Баракат" дар вилояти Андиҷони Узбакистон баъд аз танқид шуниданаш дар як ҷаласаи ҳукумати маҳаллӣ худро ба дор овехт. Яке аз ҳамроҳони Нодирбек Ҳайдаров, ки низ дар ҷаласаи ҳукумат иштирок доштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҷаласа барои буд накардани нақшаи ғалла ӯро танқид ва таҳқир карданд. Нодирбек имсол ба давлат 25 тонна камтар ғалла супурд. Дар аввал ӯро ҳоким сахт гап зад, баъд додситон. Ҳардуяшон ин кишоварзи ҷавонро ҳатто ба зиндон таҳдид намуданд."

Яке аз сокинони ноҳияи Избаскан мегӯяд, Нодирбек Ҳайдаров чанд соли охир боз аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи ба дӯшаш гузошта намебаромад ва эҳтимол танқиду таҳдидҳои охир барояш вазнинӣ кардааст. Ба қавли ин манбаъ, мақомоти маҳаллӣ борҳо ба ӯ гуфта будаанд, ки нақшаро аз таги замин ҳам бошад, ёфта пур кунад.

17 октябри соли гузашта дар вилояти Хоразм Ҳабибулло Эгамбердиев, ки "план"-и пахтаро буд карда натавонист, аз сӯи ҳоким таҳқир дида ва худро дар хонааш овехт. 22 июни соли ҷорӣ дар вилояти Намангон Қурбонтой Усмонов дар саҳро худкушӣ кард. Моҳи нобяри соли 2013 дар вилояти Сирдарё кишоварзи 54-сола Неъмат Сулаймонов дар пайи афзоиши фишори мақомот ва худи ҳамон сол дар вилояти Самарқанд Исмат Шодмонов баъд аз латту кӯб шуданаш аз сӯи намояндагони ҳукумати маҳаллӣ худкушӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG