Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон муҳоҷир ба Македония ворид шуданд


Пулис натавонист монеи вуруди муҳоҷирон шавад.
Пулис натавонист монеи вуруди муҳоҷирон шавад.

Рӯзи 22 август, ҳудуди 2 ҳазор муҳоҷир аз Юнон ба хоки Македония ворид шудаанд ва маъмурони пулис ҳам натавонистаанд, пеши роҳи онҳоро бигиранд. Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи кашмакашу бебандуборӣ дар марзи Юнону Македония, ки ҳазорон нафар муҳоҷирону паноҳандагон ва бахусус аз Сурия ҷамъ омадаанд, 7 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин мардум мехоҳанд, ба кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо роҳ ёбанд. Пулиси Македония пештар аз ин гуфт, ки вазъ дар марз зери назорат ва онҳо иҷоза додаанд, ки гурӯҳҳои хурди муҳоҷирон ва аксаран кӯдакон аз марз гузаранд. Македония яке аз кишварҳои транзитиест, ки муҳоҷирони Сурия, Афғонистон ва Африқои Шимолӣ барои расидан ба кишварҳои ғарб ва шимоли Аврупо аз он истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG