Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никоҳ пас аз даҳ соли занушӯӣ


Дар Кӯлоб ҳудуди 100 ҷуфтро, ки тақрибан даҳ сол боз якҷоя зинда дошта, аз ин зиндагии муштарак соҳиби фарзанд будаанд, нав расман никоҳ кардаанд. Ин кор баъд аз талаби шаҳодтаномаи таваллуди фарзандони онҳо сурат гирифтааст.

Даҳҳо кӯдак дар минтақаи Кӯлоб на шаҳодатномаи таваллуд доранд ва дар ҷойе сабти ном шудаанд. Идораи сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ ё ЗАГС ахиран 95 ҷуфтро, ки то 10 сол бо ҳам зиндагӣ карданд, акнун ҳамчун зану шавҳар никоҳ кард. Ходимони ин идора мегӯянд, агар мактабҳо шаҳодатномаи таваллуди бачаҳоро талаб намекарданд,эҳтимол на кӯдакҳо санад медоштанд ва на падару модар никоҳи расмӣ.

Бо дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон акнун аз волидони наврасоне, ки ба синфи аввал мераванд, талаб мешавад, нусхаи аслии шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро пешниҳод кунанд. Дар пайи ҳамин дастур маълум шудааст, ки даҳҳо кӯдак дар ин минтақа санади таваллуд надоранд ва ҳамчун шаврванд низ “вуҷуд” надоранд.

Чаро аз волидон асли санади таваллуд талаб мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ҳабибулло Абдулов, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Кӯлоб рӯзи 22 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ягон кӯдак бе шаҳодатнома ба мактаб қабул намешавад. Ӯ мегӯяд, танҳо ҳамин мактаб панҷ кӯдаки бе шаҳодатномаро сабти ном накард ва аз волидони онҳо талаб намуд, ки никоҳ кунанд ва барои кӯдак санад бигиранд.

“То соли гузашта барои қабул шудан ба мактаб нусхаи шаҳодатномаи таваллуд кофӣ буд, аммо ҳоло талаб ин аст, ки падару модар санади аслиро пешниҳод кунанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои кӯдакон дар шуъбаи маориф тафтиш мешавад ва баъд мо шаҳодатномаҳои аслро ба соҳибонашон бармегардонем,” -- гуфт Абдулов.

Гуфта мешавад, дар даҳсолаи ахир бахше аз ҷавонҳои тозаиздивоҷ ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия намехоҳанд бо ҳамсарҳои худ никоҳи расмӣ кунанд

Наҷмиддин Эргашев, як сокини шаҳри Кӯлоб, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мехост ду фарзандашро дар мактаби миёнаи шумораи 53 сабтином кунад, аммо онҳоро бе шаҳодатномаи таваллуд қабул накардаанд. “Ҳамсарам онҳоро ба мактаб бурд, аммо ҳуҷҷатҳоро гардонда овард. Гуфтаанд, ки рафта шаҳодатнома гиред. Ба ЗАГС рафтем, хостем шаҳодатнома гирем, гуфтанд, аввал никоҳ мекунед баъд мо барои кӯдаконатон шаҳодатнома медиҳем. Мо ариза навиштем. Ман 9 сол пеш хонадор шудам,” -- мегӯяд ин сокини Кӯлоб.

Ҷамила Рӯзиева, мутахассиси идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ду моҳи охир онҳо никоҳи 95 сокини шаҳри Кӯлобро, ки солҳо зану шавҳар буданд, нав сабт карданд, то бачаҳояшон ба мактаб рафта тавонанд. Ин талаби Вазорати маориф ва илм мардҳоеро, ки мехостанд дар санади шаҳрвандӣ муҳри издивоҷ надошта бошанд, ғамгин кардааст. Аммо онҳо ночор бо хонумҳои худ ба сӯи “ЗАГЗ” роҳ пеш гирифтаанд. Бархеи дигар, ки ба хотири издивоҷи нав дар Русия никоҳи расмиии худро бекор карда буданд, акнун дубора бо ҳамсарҳои худ ақди никоҳ мебанданд.

Ҷамшед, як ҷавони сисолаи Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта ба хотири шаҳрвандии Русия никоҳи давлатиашро бекор кард, аммо ҳоло ба хотири кӯдакаш, ки имсол бояд мактабхон шавад, маҷбур шуд дубора бо ҳамсараш никоҳ кунад.

Аксари тоҷикҳо бештар ба никоҳи мазҳабӣ эътиқод доранд ва сабту бекор шудани никоҳи расмиро мушкили умда намешуморанд.

XS
SM
MD
LG