Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар Озарбойҷон ба бархӯрд печид


Тазоҳуроти гурӯҳе аз сокинони шаҳри Мингачевири Озарбойҷон ба муношиқаву бархӯрд бо маъмурони пулис кашид. Марги як ҷавоне, ки маъмурони пулис ӯро бозпурсӣ кардаанд, сабаби ба куча баромадани сокинони Мингачевир шудааст. Маъмурони пулиси Озарбойҷон барои пароканда кардани тазоҳургарон, ки истеъфои сардори раёсати умури дохилӣ Алиасғар Бадаловро талаб доштанд, аз гази ашковар истифода карданд ва чанд тазоҳургарро дастгир карданд. Мақомоти пулиси Озарбойҷон мегӯянд, Беҳрӯз Ҳоҷиеви 27-сола ҳангоми бозпурсӣ худро аз тирезаи бинои пулис берун андохта ва ҳалок шудааст. Аммо падараш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар сару рӯ ва бадани писараш осори латукӯб дида мешуд. Ба эътиқоди падари Беҳрӯз Ҳоҷиев, писари ӯро маъмурони пулис то дами марг латукуб карда ва сипас аз тиреза берун андохтаанд. Маълум нест, ин ҷавонро барои чӣ бозпурсӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG