Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои Ҳинд аз Покистон дар мавриди Кашмир


Давлати Ҳинд аз ҳукумати Покистон хост, дар остонаи гуфтугӯи мақомоти баландпояи ду кишвар бо раҳбарони ҷудоиталабони Кашмир мулоқот накунад. Соли гузашта ба далели гуфтӯгуи намояндагони Покистон бо ҷудоиталабони Кашмир, давлати Ҳинд ба хашм омад ва аз дидор бо мақомоти Исломобод даст кашид. Вазорати умури хориҷии Ҳинд рӯзи 21-уми август гуфт, пеш аз дидор бо Аҷит Дувал, мушовири ҳукумати Ҳинд дар умури амнияти миллӣ, мулоқоти Сартоҷ Азиз, ҳамтои покистонии ӯ бо ҷудоталабони Кашмир дар шаҳри Деҳлӣ «кори номуносиб» аст. Викас Сваруп, сухангӯи вазири умури хориҷии Ҳинд, «ин мулоқот мухолифи рӯҳияи азму нияти ду кишвар аст, ки дар шаҳри Уфаи Русия барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм тафовуқ карданд.» Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ва Навоз Шариф, ҳамтои покистонии ӯ моҳи гузашта дар шаҳри Уфа мулоқот карданд, ки инро нишонае аз беҳбуд ёфтани муносибатҳои ду кишвар медонанд. Айни замон мақомоти Ҳинд баъзе аз ҷудоиталабони Кашмирро ҳангоми сафарашон ба Деҳлӣ барои муддати кутоҳе дастгир ва сипас раҳо карданд. Мирвайс Умар Форуқ, яке аз онҳо гуфт, ки Ҳинд сардаргум шудааст ва ҳадафи сафари онҳо ба Деҳлӣ, «мусоидат кардан ба муколамаи Ҳинду Покистон аст.» Ин ду кишвари мусаллаҳ бо бомби атомӣ чанд дафъа барои Вилояти Кашмир, ки ду тақсим шудааст, ҷангидаанд.

XS
SM
MD
LG