Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои амнияти миллии Амрико эълон кард, ки "дасти рост"-и Абӯбакри Бағдодӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои Иёлоти Муттаҳида дар шимоли Ироқ ба ҳалокат расидааст.

Иёлоти Муттаҳида аз кушта шудани муовини Абӯбакри Бағдодӣ -- раҳбари гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ, хабар дод. Хабаргузории Фаронса ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ навишт, ки Аҳмад Алҳаёлӣ, муовини Бағдодӣ, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии ҷангандаҳои Амрико дар шимоли Ироқ ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои хабаргузорӣ, ҷангандаҳои амрикоӣ худраверо ҳадаф қарор додаанд, ки дар дохилаш Аҳмад Алҳаёлӣ ҳамроҳ бо яке дигар аз масъулони гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор доштааст.

Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфтааст, ки Алҳаёлӣ яке аз ҳамоҳангкунандагони аслии нақлу интиқоли аслиҳа, маводи тарканда ва нерӯ миёни Ироқу Сурия ба шумор мерафт. Дар гузориши хабаргузории Фаронса, рӯзи ҳамлаи ҳавоии ҷангандаҳои Амрико, ки боис ба марги муовини Бағдодӣ шудааст, маълум нест. Аммо шабакаи хабарии СNN гузориш дод, ки ин ҳамла рӯзи сешанбеи гузашта сурат гирифтааст.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико дар ин бора гуфтааст, "кушта шудани Алҳаёлӣ ба амалиёти гурӯҳи "Давлати исломӣ" таъсир хоҳад гузошт. Чаро ки нуфузи ӯ шомили масоили молӣ, иттилоърасонӣ, амалиёт ва фаъолиятҳои лоҷистикӣ дар ин гурӯҳ мешавад."

Кохи Сафед таъид мекунад, ки Алҳаёлӣ "олирутбатарин" муовини Абӯбакри Бағдодӣ будааст, ки тайи ду соли гузашта дар амалиёти ин гурӯҳ, ба вижа дар ҳамлаи тобистони соли гузашта, ки ба тасарруфи Мусули Ироқ анҷомид, нақши аслиро ифо кардааст.

Аҳмад Алҳаёлӣ, ки “Абумуслими Туркмонӣ” низ номида мешавад, дар ғарби Мусул ба дунё омадааст. Ӯ аз афсарони собиқ дар горди раёсати ҷумҳури Ироқ дар давраи Саддом Ҳусейн аст, ки дар остонаи гирифтани рутбаи сарҳанг буд, аммо ҳамлаи Эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбари Амрико ба Ироқ ва сарнагунии низоми Саддом Ҳусейн нагузошт, вай ба ин симат бирасад. Наздикони Алҳаёлӣ гуфтаанд, ки ӯ аз афроди вафодор ба Саддом Ҳусейн буд ва аз иттилоот ва таҷрубаи густурдаи низомӣ бархӯрдор буд.

Баъди сарнагунии низоми пешини Ироқ Алҳаёлӣ тавассути нерӯҳои амрикоӣ боздошт ва ба зиндон интиқол ёфт. Ӯ муддати зиёде дар зиндон буд ва дар давраи нахуствазирии Нурӣ Моликӣ озод шуд.

Дар моҳҳои ахир баъд аз интишори гузоришҳои тасдиқнашуда аз захмӣ шудани Бағдодӣ гуфта мешавал, ки Алҳаёлӣ мудирияти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ба дӯш гирифта будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG