Пайвандҳои дастрасӣ

Муаттара умед дорад, ки "Чархи айём" ӯро ба Ҷопон мебарад


Муаттара Ваҳҳобоваи 13-сола ҳамагӣ ним сол боз дар мактаби рассомӣ омадааст, вале алакай кору маҳсули эҷодаш дар қатори беҳтарин тасвирҳои кӯдакон аз даҳҳо кишвари дунё ҷой гирифтааст.

Дар миёни кори рассомони наврас аз 75 кишвар, муссавараи Муаттара Ваҳҳобова барои аввалин бор аз Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии “Мошини орзуҳои ман” роҳ ёфт. Ин озмун ҳамасола аз ҷониби ширкати ҷаҳонии мошинҳо - Тойота баргузор мешавад ва аз миёни 9 расме, ки имсол аз Тоҷикистон барои иштирок ба ин озмун ирсол шуда буд, ташаббускорон дар Ҷопон тасвири Муаттарро ба феҳристи беҳтаринҳо ҷой додаанд.

Муаттара мегӯяд, расми вай “Чархи айём” ном дорад ва бинандаро ба сайри гузаштаву ояндаҳо мебарад. Ин тасвир аслан аз як соати регие иборат аст, ки дар шакли як киштии кайҳонӣ нигошта шудааст ва пасманзараш осоре аз асарҳои гузашта ва мазҳабу кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷопон дида мешавад.

“Ин соатро дар рӯи мизи кории устодам ҳамеша медидам ва вақте хостам, дар ин омзун иштирок кунам, ҳамин фикр ба сарам омад, ки бояд мошини ман чунин шакл дошта бошад. Хостам як чизи нав офарам, чизи равшану диққатҷалбкунанда,” – гуфт ӯ.

Айни видео дар Ютуб:

Тасвири Муаттар дар сомонаи расмии озмуни ширкати Тойота, зери рақами 47 ҷой дода шудааст ва дар сурати гирифтани овози зиёд ва баҳои баланд “Чархи айём” - маҳсули эҷоди навраси тоҷик ҳам метавонад соҳиби ҷоиза, нишони тилло ё нуқра гардад. Ғолибият ба рассомони наврас имкони сафар ба Ҷопонро фароҳам хоҳад овард.

Ширкат дар ин озмуни ҷаҳонӣ, барои Муаттара баъд аз ғолибият дар сабқати тоҷикистонии “Мошини орзӯҳои ман” даст дод. Ин озмун соли дувум аст, ки бо ташаббуси намояндагии ширкати Тойота дар Душанбе баргузор мешавад. Соли аввал аз Тоҷикистон ба даври ниҳоии озмун касе роҳ наёфт. Ташаббускорони ин озмуни наққошӣ мегӯянд, ҳамагуна идеяҳои бузург аз орзуҳои кӯчаки одамон сар мешавад ва ҳадафи онҳо ҳам дидани мошинҳои насли оянда дар тахайюли кӯдакону наврасон аст.

Олег Потургаев, роҳбари намояндагии ширкати Тойота дар Тоҷикистон мегӯяд, “мехоҳем дар баробари муштариён дӯстдорони мошин, бо кӯдакон ҳам наздик бошем ва ба онҳо хушҳолӣ орем. Масалан, дар ҳамин маркази мо дар Душанбе гӯшаи махсус барои кӯдакон аст, ки ҳангоми омадан бо волидон метавонанд дар он ҷо бозиву фароғат кунанд.”

Муаттара Ваҳҳобова аслан тасвири табиат ва истифода аз рангҳои рӯшанро дӯст медорад. Ба андешаи ин рассоми наврас рангҳои рӯшан ва тасвири рангоранг табъу руҳи одамро болида месозад. Сарвиноз

Сарвиноз Ҳоҷиева

Сарвиноз Ҳоҷиева

Ҳоҷиева, санъатшинос ва рассоми тоҷик, мегӯяд, Муаттара аслан истеъдод ва шавқи баланди рассомӣ дорад. Аммо ба гуфтаи Ҳоҷиева, ташкили чунин озмунҳо барои ҷалби хурдсолон ба санъати рассомӣ мусоидат хоҳад кард. “Бо иштирок дар чунин озмунҳо рассомони наврас метавонанд, кори худро бо чашми дигар бубинанд ва ба кори ҳамсолони худ дар кишварҳои дигар ошно шудаву беҳтарин чизҳоро омӯзанд,” – гуфт Сарвиноз Ҳоҷиева.

Тасвири Муаттара Ваҳҳобова, рассоми навраси тоҷик, ки дар шакли як навори хурди аниматсионӣ дар сомонаи озмуни ҷаҳонии “Мошини орзуҳои ман” ҷой дода шудааст, то ҳоли ҳозир наздик ба якуним ҳазор овоз дорад ва ҳудуди 30 ҳазор дафъа онро тамошо кардаанд. Ҳоло ин навраси тоҷик орзу дорад “Чархи айём” – аш дар қатори тасвирҳои ғолиби озмун ҷой гирад ва ӯро ба кишвари фанновариҳо бубарад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG