Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадиҷа Исмоилова: "Нӯҳ сол? Ин қадар кам?!"


Додситон тақозо дорад, ки хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова барои ҷиноёти иқтисодӣ ба нӯҳ соли маҳбас маҳкум шавад

Атрофи додгоҳи шаҳри Боку рӯзи 21 август назар ба рӯзҳои пеш серодамтар буд - дар мурофиаи хабарнигор Хадиҷа Исмоилова ҳама чанд муддат интизори тасмими додситон барои мӯҳлати ҷазо монданд.

Вақте айбдоркунандаи давлатӣ хостори 9 соли маҳбас барои Хадиҷа Исмоилова шуд, Элмира Исмоилова, модари хабарнигор ба гӯшаш бовар накард, зеро интизор дошт, ки духтарашро барои дасти кам 15 сол зиндонӣ мекунанд. "Бояд барояшон барои ин изҳори сипос кунем", бо киноя гуфт ӯ.

Элмира Исмоилова
Элмира Исмоилова

Додрас мурофиаро то рӯзи 26-уми август мавқуф гузошт. Қарор аст, ки он рӯз ҳукми Хадиҷа Исмоилова эълон шавад.Мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 24 июл шурӯъ шуд, пушти дарҳои баста гузашт - фақат дипломатҳои бархе кишварҳо ҳаққи ширкат дар мурофиаро пайдо кардаанд, хабарнигорону нозирони мустақил ба толор роҳ наёфтанд.

Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро 5 декабри соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфт, ки Хадиҷа рабте ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда буд.

Хадиҷа Исмоилова мегӯянд, ки иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад. Хонум Элмира, модари ӯ ҳам рӯзи ҷумъа, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бегуноҳии Хадиҷа мутмаин аст ва медонад, ки ӯро барои ҳақпарастияш муҷозот карданианд. "Фарзанди ман ҳеҷ вақт ягон кори бад накардааст. Ӯ ҳамеша ҳақиқатро мегуфт. Ӯ фарзанди хело хуб аст".

Модари Хадиҷа Исмоилова изҳори умедворӣ кард, ки додрас дар баробари Хадиҷа ҳукми одилона содир мекунад. Дар ҷавоб ба суоле, ки худи Хадиҷа ба мӯҳлати ҷазои пешниҳодкардаи додситон чӣ вокуниш кард, Элмира Исмоилова гуфт, ки "ӯ хандид. Айнан мисли ман ӯ ҳам пурсид, ки чаро ин қадар кам?"

Дар канори додгоҳи шаҳри Боку
Дар канори додгоҳи шаҳри Боку

Созмони Amnesty International Хадиҷа Исмоиловаро “маҳбуси сиёсӣ” хондааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ки Хадиҷа Исмоилова барои пажуҳишҳои журналистӣ ва фошсозии баъзе аъмоли ғайриқонунии хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба додгоҳ кашида шудааст.

Зимнан, ин дуввумин мурофиаи пурсару садо дар Озарбойҷон дар ҳафтаҳои ахир аст. Як ҳафта пеш додгоҳи шаҳри Боку Лайло Юнус, раиси пажуҳишгоҳи сулҳ ва демократия ва шавҳари ӯ сиёсатшинос Ориф Юнусро дар ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор донист ва онҳоро мутаносибан ба ҳаштуним ва 7 соли зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқи башар тобистони соли гузашта бо иттиҳоми хиёнат ба ватан ва ҷиноятҳои иқтисодӣ дастгир шуданд. Ҳарду мегӯянд, ки боздошташон ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро ҳадафи онҳо барқарор кардани робитаҳо бо Арманистони ҳамсоя аст.

Нозирон таъкид мекунанд, ки ин мурофиа ҳам чун мурофиаи Хадиҷа Исмоилова бо қонуншиканиҳо гузашт, зеро мақомот ба ҳузури хабарнигорон ва нозирон дар толор иҷоза надоданд. Лайло Юнус ва Ориф Юнус дар хиёнат ба давлат ҳам айбдор мешаванд, аммо мурофиа дар ин бора ҳанӯз шурӯъ нашудааст, Дар сурат собит шудани ин иттиҳом ба ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукми абад таҳдид мекунад.

Рӯзҳое, ки мурофиаи додгоҳии Хадиҷа Исмоилова идома дошт, ӯ ба яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳо дар бахши ҳуқуқи башар – ҷоизаи ба номи Элисон Де Форж, мушарраф шуд. Дар изҳороти созмони Human Rights Watch, ки рӯзи 11 август нашр шуд, омадааст, ҷоиза ба афроде супурда мешавад, ки ҷасурона ва аксар вақт дар шароити хатарбор барои ҳуқуқи башар мубориза мебаранд. Хадиҷа Исмоилова имсол бо чанд ҷоизаи дигар, аз ҷумла, ҷоизаи ба номи Барбара Голдсмит ҳам сазовор шуда буд. Ин ҷоиза ҳамасола аз сӯи созмони адабии ПЕН-Клуб барои озодии баён супурда мешавад.

XS
SM
MD
LG