Пайвандҳои дастрасӣ

Дӯстум аз ҳамлае дар Форёб ҷон ба саломат бурд


Генерал Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон, рӯзи 21 август аз сӯиқасде дар вилояти Форёб, воқеъ дар шимоли кишвар, ҷон ба саломат бурд. Корвони мошинҳои ӯ дар волусволии Қайсар зери оташи ҷангиён қарор гирифт. Яке аз ёварони генерал Дӯстум дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, дар натиҷаи задухӯрде, ки баъди ин ҳамла шурӯъ шуд, 8 ҷангӣ кушта шуда, 13 нафари дигар боздошт шуданд. Дӯстум дар ин ҳамла осебе надидааст.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, ҷангиёни "Толибон" рӯзи ҷумъа ба мошини муовини аввали раиси ҷумҳурӣ ҳамла карда, вале бо муқовимати шадиди “ин марди ҷангдида рӯбарӯ шуданд”. Худи генерал Дӯстам ҳанӯз ин қазияро шарҳ надодааст. Як рӯз пеш дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ ӯ иддао кард, ки дар тӯли даҳ рӯзи амалиёти зидди "Толибон" дар Форёб ин минтақаро аз ситазаҷӯён пок кардааст.

XS
SM
MD
LG