Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати Дилшод Назаров дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин


Дилшод Назаров

Дилшод Назаров

​Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук ду варзишгар - Дилшод Назаров ва Кристина Пронженко -намояндагӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки рӯзи 22 август дар варзишгоҳи “Лонаи парранда”-и пойтахти Чин – Пекин - шурӯъ мешавад, аз Тоҷикистон ду варзишгар - Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр – ширкат меварзанд.

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мекӯшад дар сабқати ҷаҳонӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст биёрад.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Дилшод Назаров дар раддабандии беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон бо 235,60 имтиёз дар ҷои дувум аст. Павел Фейдак (Лаҳистон) бо 244,58 имтиёз дар мақоми аввал ва Кристиан Парс (Маҷористон) бо 234,75 имтиёз дар мақоми севум қарор доранд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Пекин то рӯзи 30 август идома меёбад, ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.

Дастае, ки дар эстафета ғолиб меояд, 80 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум дар эстафета 40 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Инчунин онҳое, ки рекорди нави ҷаҳонӣ мегузоранд, бо 100 ҳазор доллар сарфароз хоҳанд шуд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Пекин ширкати раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар назар аст.

XS
SM
MD
LG