Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ дайри насрониро дар Сурия тахриб кард


Мусаллаҳони гурӯҳи «Давлати исломӣ» (ДИИШ) дайр ва ибодатгоҳи насронӣ дар вилояти Ҳумс, воқеъ дар шимолу ғарби Сурияро тахриб карданд.

Маркази назорати ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 21 август хабар дод, ки ситезаҷӯён барои ба хок яксон кардани бинои ибодатгоҳ дар шаҳри Ал-Карётейн аз булдозерҳо истифода карданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” даҳҳо сокини маҳаллиро гаравгон гирифтааст, ки миёни онҳо насрониҳо хело зиёданд. Бар пояи хабарҳо, як гурӯҳ аз гаравгонҳо ба шаҳри Раққаҳ, такягоҳи асосии ситезаҷӯён, интиқол ёфт. Дар шаҳри Ал-Карётейн, ба навиштаи расонаҳои Сурия, қаблан 1800 насронӣ ба сар мебурданд.

Дайри насронӣ қарни 5 бунёд шуда буд ва онро тақрибан даҳ сол пеш рӯҳонӣ Паоло Дал Олё бозсозӣ кард. Худи рӯҳонӣ моҳи июли соли 2013 аз сӯи афроди ношинос рабуда шуда буд.

XS
SM
MD
LG