Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи раисиҷумҳурро аз шишаҳои сиёҳ ва мавҷгирҳо "тоза мекунанд"


Мақомоти Узбакистон аз моликони биноҳои ду тарафи кӯчаи Нуқус, ки аз он ҷо раисиҷумҳур мегузарад, хостаанд, ки тамоми мавҷгирҳоро канда, шишаҳои сиёҳи хонаву фурӯшгоҳҳояшонро иваз намоянд.

Мақомоти шаҳри Тошканд ба соҳибони биноҳое, ки дар ду тарафи кӯчаи Нуқус ҷойгиранд, амр додаанд, то шишаи сиёҳи хонаҳояшонро иваз карда, кондитсионеру мавҷгирҳояшонро низ баркананд. Ҳар рӯз аз ин кӯча Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон гузашта, ба қароргоҳаш "Оқсарой" мерафтааст ва мақомоти шаҳри Тошканд ҳам гуфтаанд, ки ҳадаф аз ин кор аз як сӯ ба "тартиб" овардани шаҳр ва аз сӯи дигар таъмини амнияти раисиҷумҳур аст.

Ҳукумати ноҳияи Мирободи пойтахти Узбакистон бо ирсоли номаи "дӯстона" ба сокинон анҷоми ин корро ба ӯҳдаи онҳо гузошта ва ҳушдор додааст, ки агар шишаҳои сиёҳашонро иваз накунанд ва ё кондитсионеру мавҷгирҳояшонро накананд, ҷарима хоҳанд супурд.

Евгения Павловна, зани бознишасте, ки дар яке аз хонаҳои воқеъ дар канори кӯчаи Нуқус зиндагӣ мекунад, ҳайраташ аз ин қарорро пинҳон надошт. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳавои гарми тобистон бидуни кондитсионер дар хонаҳои онҳо зистан ғайриимкон аст.

"Майлаш, мо чӯби тирезаҳоро сафед мекунем. Аммо гармии ҳаво дар тобистон то 50 дараҷа мерасад ва чӣ гуна дар ин шароит дар хонаи бетонӣ бояд зиндагӣ кунем? Баъзеҳо имкон доранд, кондитсионерҳои худро ба тарафи дигари хонаашон бигиранд. Аммо баъзеи дигар чунин имконият надоранд. Онҳо бояд чӣ кунанд? Пеш аз он ки ягон иқдом гирифта шавад, аввал як бор фикр кард," -- афзуд Евгения Павловна.

Корманди ширкати “STROY MARKET LUX”, ки он ҳам дар яке аз тарафҳои кӯчаи Нуқус ҷойгир аст, номашро ифшо накарда, вале ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар пайи ин тақозои ҳукумат онҳо маҷбур шудаанд, тӯли ду моҳ дари фурӯшгоҳҳои худро қуфл зананд. "Ба мо ҳам гуфтанд, ки бояд тирезаҳоро ранги сафед кунему кондитсионерҳоро бигирем. Ин кор вақти зёдро мегирад," -- нақл кард ӯ.

Як масъули ҳукумати Мирободи шаҳри Тошканд бозсозии биноҳои воқеъ дар кӯчаи Нуқусро таъмини амнияти Ислом Каримов ва, инчунин, зебоии шаҳри Тошканд номидааст. Ӯ худашро муаррифӣ кардан нахоста, аммо гуфтааст, "ин пеш аз ҳама барои амнияти президент аст. Кӣ медонад, ки паси он шишаҳои сиёҳи хонаҳо кӣ меистад? Дувум ин ки раисиҷумҳур ҳамеша аз ин роҳ мегузарад. Барои ҳамин, хуб аст, ки хонаҳо зебо бошанд," -- илова кардааст ин мақоми ҳукумат.

Қаблан, дар охирҳои моҳи июли соли ҷорӣ, тамоми айвони биноҳое, ки дар истгоҳи метрои “Буюк Ипак Йули” буданд, вайрон карда шуданд. Аз ин айвонҳо “роҳи раисиҷумҳур”-ро дидан мумкин буд.

Ислом Каримови 77-сола аз соли 1989, инак 26 сол боз зимоми раёсати Узбакистон, пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказиро дар панҷаҳои оҳанинаш нигоҳ доштааст. Дар дунё раҳбарони аз Каримов ҳам кӯҳансолтар ҳастанд. Барои мисол, Ден Сяопин то 85-солагиаш раҳбари расмии Чин буду боз 8 соли дигар, то дами маргаш дар синни 93 сози аввалро дар сиёсати Пекин мезад.

Ҳуснӣ Муборак ҳам, вақте дар соли 2011 дар натиҷаи эътирозҳои мардум аз мақоми раҳбарии Миср сарнагунаш карданд, алакай 83 сол умру 30 сол собиқаи раҳбарӣ дошт. Ё Роберт Мугабе, раисиҷумҳури кишвари африқоии Зимбабве, ки 35 сол боз бар ин фақиртарин кишвари дунё раҳбарӣ мекунад, ба синни 91 расид ва дар ҳоли ҳозир кӯҳансолтарин президенти дунё ба шумор меравад.

Дар худи Осиёи Марказӣ ҳам Нурсултон Назарбоев ҳаст, ки баробар бо Ислом Каримов дар соли 1989 ба раҳбарии ин кишвар омад ва ҳамагӣ 2 сол аз президенти Узбакистон ҷавонтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG