Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷарроҳии шоҳраг дар Тоҷикистон


Барои аввалин бор дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии шоҳраг анҷом шудааст. Масъулони беморхонаи Ибни Сино дар Душанбе рӯзи 21 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ҷарроҳони эронӣ ва тоҷик бори аввал дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии резектсияи аневризмаи шоҳраг ва ивази қисми болораванда, камонак ва поёнравандаи он бо протези рагӣ дар шароити хунгардиши сунъӣ ва кардиоплегияи фармакосардиро анҷом доданд.”

Ба қавли онҳо, “бемори 56-солаи амалиётшуда А.А. пас аз ҷарроҳӣ худро хуб эҳсос мекунад ва айни ҳол ба хонааш рафтааст.” Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои масъулони бемористони Ибни Сино нафари бемор зиёда аз 5 сол гирифтори бемории фишорбаландии шараён буда, 3 сол пеш дар яке аз беморхонахои шаҳри Маскави Русия аз муоинаи пизишкон гузашта будааст. “Он вақт аневризмаи шоҳраг муайян гардида, амалиёти ҷарроҳӣ пешниҳод гардидааст, вале бемор худдорӣ намудааст. Вақтҳои охир шикоятҳои дарди қафаси сина ва пастшавии овоз пайдо шуда, зиёд гаштанд. Бо ин шикоятҳо ба Маркази Ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ муроҷиат намудааст. Онҷо ташхиси омоси миёнадевор гузошта, ба Бемористони Ибни Сино барои пурра намудани ташхис фиристода мешавад,”-афзуд манбаъ.

XS
SM
MD
LG