Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чапгароҳои "Сириза" ҳизби нав таъсис мекунанд


Панайотис Лафазанӣ (аз тарафи рост)
Панайотис Лафазанӣ (аз тарафи рост)

Чанд узви чапгарои ҳизби ҳокими «Сириза»-и Юнон тасмим гирифтанд, ки ҳизби мустақили худро таъсис кунанд. Дар ин бора расонаҳои Афина рӯзи 21-уми август хабар доданд ва гуфтанд, ки қарор аст ба ҳизби нав 25 вакили парлумон шомил шаванд.

Тасмим дар бораи тарки ҳизби “Сириза” баъд аз он гирифта шуд, ки нахуствазири Юнон Алексис Сипрас рӯзи панҷшанбе дар мулоқот бо вазирон ва аъзои ҳизби “Сириза” аз мақомаш истеъфо дод ва ба зарурати баргузории интихоботи қабл аз вақт парлумонӣ таъкид кард.

Расонаҳои юнонӣ навиштанд, ки ҳизби нав “Ваҳдати миллӣ” ном мегирад ва раҳбарии он бар дӯши собиқ вазири энерҷӣ Панайотис Лафазанӣ хоҳад буд. Лафазанӣ аз мухолифони сарсахти созиши нав бо ниҳодҳои қарздиҳанда аст.

Қарор аст, ки ҳизби нав аз рӯи теъдоди аъзои фраксия саввумин ҳизби бузурги парлумони Юнон шавад.

Як ҳафта пеш вакилони парлумони Юнон шартҳои ироаи бастаи сеюми кӯмакҳои молӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ба маблағи 85 миллиард евроро пазируфтанд. Ҳукумати Юнон ӯҳдадор шуд, ки ба ивази кӯмаки молиявӣ сатҳи андозро боло мебарад ва маблағи маошу нафақаро коҳиш медиҳад. Қабули шартҳои Иттиҳодияи Аврупо боиси парокандагӣ дар ҳизби ҳокими “Сириза” гардид.

XS
SM
MD
LG