Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян артишро дар ҳоли омодабош қарор дод


Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин амр кард, ки артиши кишвар дар ҳоли омодабоши пурра қарор бигирад ва ба ҳамла омода шавад. Ӯ рӯзи 21 август изҳор намуд, ки кишвараш дар ҳоли “нимаҷангӣ” бо ҳамсояи ҷанубияш қарор дорад. Тасмим дар бораи омодабоши артиш баъд аз ҷаласаи Кумитаи марказии Ҳизби кори Корея гирифта шуд. Ҷаласаи оҷили ҳизб рӯзи панҷшанбе пас аз он даъват шуд, ки Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ сӯи ҳамдигар аз тӯпхона оташ кушоданд.

Кореяи Ҷанубӣ моҳи август пахши барномаҳои зидди режими Пхенян аз тариқи баландгӯякҳо дар минтақаи ғайринизомии марз бо ҳамсояи шимолияшро аз сар гирифт. Мақомоти Кореяи Шимолӣ таҳдид карданд, ки ин балангӯякҳоро ҳадафи ҳаимла қарор медиҳанд.

Рӯзи 17 август низомиёни Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА тамринҳои ҳарсолаи муштараки низомиро дар нимҷазираи Корея шурӯъ карданд. Қабл аз ин Пхенян таҳдид кард, ки ба Амрико аз силоҳи то ҳол номаълум зарба мезанад.

Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ то ҳол дар ҳоли ҷанг қарор доранд, зеро баъд аз низои мусаллаҳона дар ибтидои солҳои 50-ум миёни онҳо созиши сулҳ имзо нашудааст.

XS
SM
MD
LG