Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словакия фақат насрониҳоро қабул мекунад


Фирориён аз Ховари Миёна дар Македония
Фирориён аз Ховари Миёна дар Македония

Вазорати умури дохилаи Словакия рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки фақат ба 200 насронии суриягӣ паноҳгоҳ медиҳад. Сухангӯи вазорат Микаэла Поленова ин тасмимро бо имкони бештари ҳамоиши насрониҳо ба ҷомеъаи Словакия марбут кард. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди мусалмонҳо дар кишвар хело кам аст ва дар он ҷо ягон масҷид бунёд нашудааст. “Мо бо дин мухолифате надорем, ин фақат талоши Словакия барои ҳамоиши фирориён ба ҷомеъаи мост”, гуфт ӯ.

Мақомоти СММ ва Иттиҳодияи Аврупо аз ин тасмими Братислава интиқод карданд. Бабар Балуч, намояндаи Кумитаи паноҳандагони СММ дар Аврупои Марказӣ, рӯзи 21-уми август гуфт, “мо хоҳиш мекунем, ки одамону кишварҳову динҳоро тақсим накунед”. "Сарпечӣ аз қабули паноҳандагон аз рӯи мансубияташон ба дин – ин нақзи ҳуқуқ аст", изҳор намуд Дабири кулли Шӯрои Аврупо Торбҷорн Ягланд.

Словакия, Чехия, Маҷористон ва Лаҳистон моҳи июн аз тарҳи Иттиҳодияи Аврупо оид ба қабули бахше аз фирориёни аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо ба Италия, Македония ва Юнон омада пуштибонӣ накарданд.

XS
SM
MD
LG