Пайвандҳои дастрасӣ

ДИИШ масъулияти таркиши Қоҳираро ба ӯҳда гирифт


Мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) масъулияти таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар канори бинои хадамоти амнияти Миср дар шаҳри Қоҳираро бар ӯҳда гирифтанд.

Дар ин таркиш, ки рӯзи 20 август рӯй дод,дасти кам 22 нафар, аз ҷумла, шаш корманди полис маҷрӯҳ шуда, бинои хадамоти амният ва иморатҳои атроф осеби ҷиддӣ диданд. Дар инфиҷор як бахш аз девори бинои ҳукуматӣ хароб шуд ва дар он шикофи бузурге пайдо гардид. Шишаҳои тирезаҳои бинои хадаомти амниятӣ ва биноҳои гирду атроф фурӯ рехтанд ва аз лӯлаҳои харобшуда об дар кӯча фаввора зад.

Сокинони маркази Қоҳира дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки садои таркиш дар масофаи то 10 километр ба гӯшашон расидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Миср, террорист мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори бинои хадамоти амният гузошта, тавассути мотосикл фирор кардааст. Баъд аз чанд лаҳза таркиш рӯй дод.

Ҳамла як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки раисиҷумҳур Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ қонуни нави зиддитеррористиро имзо кард - ин санад мубориза бо гурӯҳҳои маҳаллии террористиро ташдид мебахшад.

XS
SM
MD
LG