Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонҳо мӯҳлати ҳабси Хадиҷаро аниқ мекунанд


Дар мурофиаи додгоҳии хабарнигори озарӣ Хадиҷа Исмоилова дар шаҳри Боку рӯзи 20 август додситонҳо ироаи иттиҳомро тамом карданд ва аз додгоҳ хостори як рӯзи иловагӣ барои муқаррар кардани мӯҳлати ҳабс шуданд. Мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 24 июл шурӯъ шуд, пушти дарҳои баста мегузарад ва хабарнигорону нозирони мустақил ба толор роҳ наёфтаанд.

Хадиҷа Исмоилова, гузоришгари бахши озарии Радиои Озодиро 5 декабри соли 2014 бо ин иддао, ки гӯё Турал Мустафоев, ҳамкори собиқашро ба худкушӣ ташвиқ кардааст, боздошт намуданд, вале баъдан ӯ ба тақаллуби молӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва суистифода аз вазифа муттаҳам шуд. Турал Мустафоев дар додгоҳ гуфт, ки Хадиҷа рабте ба қасди худкушии ӯ надорад ва афсурдагӣ ӯро ба он ҳол оварда буд.

Дар сурати тасдиқ шудани иттиҳом ба Хадиҷа Исмоилова 17 соли маҳбас таҳдид мекунад. Хадиҷа Исмоилова мегӯянд, ки иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад.

Элмира Исмоилова, модари Хадиҷа, рӯзи сешанбе ҳангоми танаффус дар мурофиа, ба хабарнигорон гуфт, ки иттиҳом сартопо дурӯғу бӯҳтон аст.

Созмони Amnesty International Хадиҷа Исмоиловаро “маҳбуси сиёсӣ” номидааст. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ки Хадиҷа Исмоилова барои пажуҳишҳои журналистӣ ва фошсозии баъзе аъмоли ғайриқонунии хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон ба додгоҳ кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG