Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таиланд. Дар таркиш хориҷиҳо айбдор нестанд


Ибодатгоҳи Эраван баъд аз таркиш

Ибодатгоҳи Эраван баъд аз таркиш

Мақомоти Таиланд изҳор намуданд, ки таркиши пурқурбонӣ дар пойтахт - шаҳри Бангкок, кори дасти гурӯҳи террористии байнулмилалӣ нест. Намояндаи расмии хунтаи низомии Винтай Суверей рӯзи 20-уми август дар як изҳороти расмӣ эҳтимоли бо терроризми байнулмилалӣ рабт додштани ин ҳамларо хело ночиз номид.

Таркиш дар ибодатгоҳи Эраван дар маркази Бангкок, ки рӯзи 17-уми август ба вуқӯъ пайваст, мунҷар ба ҳалокати 20 нафар ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафари дигар гардид. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳамла дасти кам 10 нафар ширкат доштанд.

Кормандони полис тавассути дурбинҳои видеоӣ яке аз гумонбаронро, ки чанд лаҳза пеш аз таркиш борхалта бо маводи таркандаро дар ибодатгоҳ мегузошт, шиносоӣ карданд. Барои иттилоъ дар бораи гумонбари асосии таркиш мақомоти Таиланд як миллион бат (28 ҳазор доллар) ваъда кардаанд. Дар ҳамин ҳол, бар пояи баъзе хабарҳо, баъд аз ҳамла гумонбари асосӣ ба фурудгоҳ рафта, кишварро тарк намудааст.

Ибодатгоҳи Эраван миёни сайёҳон аз Чин ва пайравони дини буддоӣ маъруф аст. Аммо муфаттишон фарзияеро, ки ҳадафи таркиш шаҳрвандони Чин буданд, рад мекунад.

XS
SM
MD
LG