Пайвандҳои дастрасӣ

Қурби пули миллии Қазоқистон – танга дар баробари доллар 26 дар сад коҳиш ёфт. Ба гуфтаи мутахассисон ин паёмади тасмими ҳукумати Қазоқистон барои сиёсати нави молиявӣ ва қурби озоди пули миллӣ аст. Дар бораи сиёсати нави молиявии ҳукумат ва Бонки миллӣ нахуствазир Карим Масимов рӯзи 20 август хабар дод.

Тасмим дар бораи қурби озоди танга дар ҳоле қабул шуд, ки ба пояи пешгӯиҳо, пойинрафти қимати нафти хом – ашёи асосии содиротии Қазоқистон идома хоҳад кард. Субҳи рӯзи панҷшанбе як доллар баробар ба 188 танга буд ва аммо давоми рӯз қурби пули миллӣ то 255 танга барои як доллар кам шуд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 19 август гуфт, ки буҷаи кишвар бояд бо назардошти аз 30 то 40 доллар қимат доштани як бушка нафт таҳия шавад. Дар ҳамин ҳол қимати нафти тамғаи Brent камтар аз 50 доллар барои як бушка аст.

Раёсати иттилооти энерҷии ИМА ҳафтаи гузашта пешгӯӣ карда буд, ки соли оянда қимати як бушка нафат пойинтар аз 60 доллар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG