Пайвандҳои дастрасӣ

Ашқободу Душанбе панҷ санадро имзо карданд


Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Туркманистон панҷ санади ҳамкорӣ имзо шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, маросими имзои санадҳо рӯзи 20 август дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид.

Раҳбарони идораҳои Тоҷикистону Туркманистон зери санадҳои ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон; Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017 имзо гузоштанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Баёнияи муштаракро қабул карданд.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ашқобод шоми панҷшанбе поён меёбад.

XS
SM
MD
LG