Пайвандҳои дастрасӣ

Моҷарои ду рустои Шуғнон баъди бозии футбол


Дар миёни сокинони деҳаҳои Пиш ва Гожаки ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон баъди як бозии футболи шоми 19 август моҷаро бархост ва тарафдорони тимҳо ба якдигар дарафтоданд. Дар натиҷа, чанд нафар бар асари зарби санг захм бардошта ва як корманди зиддисӯхтори ноҳия - Анваршоҳ Шоҳлангаров бистарӣ шудааст. Ҳолати ӯ сангин арзёбӣ мешавад. Шоҳлангаров ҳамчунин раиси деҳаи Ғожаки ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон будааст.

Дар ин бора 20 август ба радиои Озодӣ капитан Назрибек Раҷаббеков, корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон хабар дод. Вай гуфт, занозанӣ тақрибан соатҳои 16:00 рӯзи чоршанбе рух дод ва сабаби аслии он ноқаноатмандӣ аз натиҷаи бозӣ будааст. Вақте як даста ғолиб омада, дигараш мағлуб шудааст, ҷониби бохта ба нафарони пирӯз дарафтоданд. Вай гуфт, ҷавонони 19 то 23-солаи сокини деҳоти Пиш ва Гожак, ки дар бозӣ иштирок мекарданд, ба занозанӣ пардохта, баъдан ба онҳо мухлисону тамошобинон ҳам ҳамроҳ шуданд. Ҳарду ҷониб аз сангу чӯб истифода кардааст.

Як корманди Шӯъбаи зиддисӯхтори ноҳия, ки дар ҷои ҳодиса будааст, кӯшиш кардааст ҳарду тарафро ором кунад, вале ба сараш санг хӯрда бо ҷароҳати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Ҳоло ӯ дар беморхонаи Хоруғ бистарӣ шудааст. Шӯъбаи корҳои дохилии Шуғнон мегӯяд, додситонии ноҳия аз рӯи ин моҷаро парванда боз карда тафтиши муқаддамотиро шурӯъ кардааст. Чаҳор ҷавононе, ки сабаби аслии муноқиша шуданд, боздошт шуда дар ШКД нигоҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG