Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубл боз коҳиш ёфт


Қурби рубли Русия ба далели коҳиши нархи нафт боз ҳам пойин рафтааст. Рӯзи 19 август қурби як доллари Амрико ба 66 рубли русӣ наздик шудааст, ки дар 6 моҳи охир пойинтарин қурб барои рубл ба шумор меравад. Иқтисоддонҳо уфти нархи нафтро як сабаби коҳиши қурби рубл медонанд. Нархи як бушка нафти хоми навъи Brent рӯзи 19 август боз 11 сенти дигар пойин рафта, 48 доллару 70 сентро ташкил дод. “Сбербанк”-и Русия ба дунбол гуфт, агар нархи як бушка нафти Brent то 45 доллар пойин равад, қурби як доллар ба 70 рубл хоҳад расид. Аксари муҳоҷирони тоҷик маоши худро дар Русия бо рубл мегиранд ва коҳиши қурби рубл боиси кам шудани ҳаҷми пулҳое, ки онҳо ба Тоҷикистон мефиристанд, мешавад. Аз аввали сол ҳаҷми пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик 32 дарсад коҳиш ёфтааст. Соли гузашта онҳо ба Тоҷикистон 3,9 миллиард доллар пул фиристода буданд.

XS
SM
MD
LG