Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи адабиёти динӣ дар марзи Узбакистон


Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбакистон дар бораи афзоиши кӯшишҳои ба қаламрави ин кишвар ворид кардани маводи ифротгароёна хабар дод. Дар хабаре, ки Интерфакс аз қавли ин кумита рӯзи 19 август нашр кард, гуфта мешавад, ки ҳодисаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистон дар марзи вилоятҳои Намангон ва Қашқадарё иттифоқ уфтод.

Дар дасти ин нафарон, ба иттилои манбаъ, 1500 адад маводи таблиғкунандаи гурӯҳи "Давлати исломӣ” ва дигар созмонҳои ифротгаро ошкор ва мусодира шуд, ки ба шакли видеоиву аудиоӣ таҳия шудааст.

Бар тибқи қонунҳои Ӯзбакистон, афроди муттаҳам ба таблиғи маводи экстремистӣ, ҷанг ва хушунату нажодпарастиро аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Гумруки Ӯзбакистон гуфтааст, ки ба қаламрави ин кишвар кӯшишҳои вуруди маводи экстремистӣ дар ҳоли афзоиш аст. “Агар соли 2012 мақомот 14 ҳазор адад сабти видеоӣ, аудиоӣ ва нашаротиро мусодира карда бошанд, соли гузашта ҳаҷми ин маводи аз гардиш боздоштшашуда 154 ҳазор ададро ташкил додааст”.

Ҳоло назорати маводи чопӣ ва электроние, ки аз марзи Ӯзбакистон мегузарад, боз ҳам шадидтар шудааст. Агар нафари ба қаламрави Ӯзбакистон воридшаванда компютер ё телефони ҳамроҳ дошта бошад, вай бояд ҳатман маводи дохили онро намоиш диҳад.

XS
SM
MD
LG