Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби 23 соли зиндон ба коргардони украинӣ


Сентсов ва Колченко дар додгоҳ

Сентсов ва Колченко дар додгоҳ

Додситонии Русия аз додгоҳи шаҳри Ростов хостааст, то коргардони украинӣ Олег Сентсовро бо ҷурми қасди ҳамлаҳои террористӣ ба 23 соли зиндон маҳкум кунад. Мунтақидон аммо иттиҳомоти зидди Сентсовро интиқоми мақомоти Русия барои мавқеи рӯ ба Украинаи ӯ дар вилояти аз сӯи Русия тасарруфшудаи Қрим меноманд. Сентсов, ки зодаи Қрим аст, мухолифи тасарруфи Қрим буд. Ӯву шарикаш Олександр Колченкоҳамроҳ бо ду нафари дигар ҳанӯз моҳи майи соли 2014 дастгир шудаанд. Сентсов ба ташкили гурӯҳи террористӣ, тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ ва ғайриқонунӣ ҷамъ овардани маводи тарканда айбдор мешавад. Ӯву Колченко иттиҳомотро рад мекунанд. Додситонӣ барои Колченко 12 сол ҳукми зиндон хостааст. Владимир Самохин, вакили Сентсов ба навбати худ, иттиҳомоти эълоншударо бепоя хонда, хостори сафед кардани ӯ шудааст.

XS
SM
MD
LG