Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду мард дар пайи ҳамла ба қасри сарвазир


Аҳмад Довудуғлу
Аҳмад Довудуғлу

Хабарҳои расида аз Туркия мегӯянд, ду марди силоҳбадаст дар пайи тирандозӣ ба сӯи маъмурони пулиси нигаҳбони қасри Долмабоғча, як бинои сохти асри 19, ки дафтари сарвазир Аҳмад Довудуғлуст, дастгир шуданд. Хабаргузории туркиии Dogan хабар дод, ки ин ду нафарро дар наздикии маҳалли тирпарронии рӯзи 19 август боздошт кардаанд. Нашрияи Hurriyet навишт, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ба маҳалли ҳодиса расидаанд ва роҳҳои атрофро бастаанд. Ин тирандозӣ дар пасманзари мавҷи нави хушунатҳо байни нирӯҳои амниятии Туркия ва чирикиҳои курд ва амалиётҳои Туркия ба зидди ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияи ҳамсоя рух дод. Туркия дар ҳафтаҳои охир беш аз 1000 нафарро бо гумони иртибот бо “Давлати исломӣ” чирикиҳои курд ва ҷангиёни чапгаро дастгир кард. Тирандозии ахир дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебоист имрӯз бо раиси парлумон масъалаи ташкили ҳукумати навро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG