Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол ҳукми афсари Эстония бо ҷурми "ҷосусӣ"


Эстон Коҳвер
Эстон Коҳвер

Бино ба хабарҳо, додгоҳи вилояти Пскови Русия рӯзи 19 август афсари Хадамоти амнияти дохилии Эстония Эстон Коҳверро бо ҷурми ҷосусӣ ба 15 соли зиндон маҳкум карда, 100 00 рубл, муодили 1523 доллар ҷарима бастааст. Бо ҳукми додгоҳ, Коҳвер бояд ҳукмашро дар як зиндони низомаш шадиди Русия адо кунад. Эстония иттиҳомоти зидди Коҳверро рад карда, мегӯяд, ҷосусони Русия Коҳверро рӯзи 5 сентябри соли 2014 дар қаламрави Эстония рабуда, ба Русия бурдаанд. Ба гуфтаи мақомоти Таллин, Эстон Коҳвер дар чорчӯби таҳқиқи як амалиёти кочоқи эҳтимолӣ аз сӯи як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ бояд дар наздикии марз бо як хабаррасон мулоқот мекард, вале бо ташкили як амалиёти тарҳрезишуда вайро рабуданд.

XS
SM
MD
LG