Пайвандҳои дастрасӣ

Виталий Спиридонов, раҳбари як дастаи мухлисони бошгоҳи хоккейи “Трактор”-и Челябинск субҳи 19 август дар бемористони ин шаҳр даргузаштааст. Ин мухлиси хоккей шаби 4 август дар пайи занозанӣ бо як зодаи Тоҷикистон ба бемористон интиқол ёфта буд. Пулис рӯзи 12 август, баъди як ҳафтаи таъқиб бо иттиҳоми латукӯби Спиридонов зодаи Тоҷикистон Комил Ҷамиловро дастгир кард. Ӯ то имрӯз ба қасдан расондани осеб ба саломатии Спиридонов айбдор мешуд. Вале бо даргузашти Спиридонов зоҳиран иттиҳоми зидди Ҷамилов ҷиддитар мешавад.

XS
SM
MD
LG