Ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар шаҳри бостонии Тадмур, маъруф ба Палмира як бостоншиносро сар бурида, ҷасади ӯро дар як сутун дар маркази ин шаҳр овехтаанд. Манбаи ин хабар - раҳбари идораи давлатии ёдгориҳои бостонии Сурия Маъмун Абдулкарим гуфт, дар бораи қатли Холид Асади 82-сола, ки 50 сол боз умури ёдгориҳои бостонии Палмираро раҳбарӣ мекард, аъзои хонаводааш ба ӯ хабар додаанд. Маъмун Абдулкарим гуфт, Холид Асад тақрибан як моҳ боз таҳти боздошт ва бозпурсии ҷангиёни ин созмони тундрави суннӣ қарор дошт. Ӯ гуфтааст, “тасаввур кунед, ки сари донишмандеро, ки барои ин макон хидматҳои мондагоре кардааст, буридаанд ва ҷасади ӯ дар яке аз сутунҳои таърихӣ дар маркази шаҳр овехта шудааст.” “Давлати исломӣ” моҳи май Палмираро ғасб кард. Палмира ё Тадмур дар аҳди бостонӣ як нуқтаи муҳим дар Роҳи Абрешим ба шумор мерафт. Маъмун Абдулкарим идомаи ҳузури ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар ин шаҳри таърихиро “лаънатбор” номидааст.