Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сокини Хуросон дар зери теппаи хок


Дар пайи фурӯ рехтани як теппаи хок дар Хуросон се сокини ин ноҳия ҷон додаанд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ 19 август бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шоми 17 август рух дода, ин афрод аз 22 то 35 сол доштаанд. “Ин се нафар барои сохтмони хонаашон дар наздикии ин теппа сангҳои бузургро мешикастаанд. Ҳамон вақт теппа фурӯ мерезад ва онҳо зери хок монда, ҷон медиҳанд,” -- афзуд манбаъ.

XS
SM
MD
LG