Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси кӯмак дар посбонии марз дар мулоқоти Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 18-уми август бо Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи кӯмакҳои фаврии ин созмон барои пурзӯр кардани посбонии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтӯгу кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як иттилоияи расмӣ дар вебсайти раиси ҷумҳур хабар додааст, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узв, ки моҳи сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, сӯҳбат кардаанд.

Ба гуфтаи дафтари матбуот, гуфтугўи судманд доир ба рафти иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз 23 сентябри соли 2013 доир ба расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзўр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон сурат гирифт. Бар асоси ин қарор, бояд кишварҳои узв ба Тоҷикистон дар марҳила кумак мекарданд ва аввал ба Тоҷикистон силоҳу муҳимоти ҷангӣ медоданд.

Дар марҳилаи дуввум, бозсозии зербунёдҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва бахусус бунёди дидбонгоҳҳои нав, насби системаҳои муосири ҳушдор ва коркарди иттилоот дар назар буд. Аммо маълум нест, ки қарорҳо дар ин замина то куҷо иҷро шудаанд.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва аз ин созмон хостааст, ки бар асоси аҳдҳои додааш дар посбонии ин марзи ноором кумак кунад. Дар мулоқоти Раҳмон ва Бордюжа дар бораи авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG