Пайвандҳои дастрасӣ

Моликӣ тавсияи вакилонро "беарзиш" хонд


Нурӣ ал-Моликӣ

Нурӣ ал-Моликӣ

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири пешини Ироқ, тавсияи парлумонро, ки бояд ӯ ва даҳҳо мансабдорони давлативу низомиён барои таслими шаҳри Мовсил ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба додгоҳ кашида шаванд, рад кард.

Ӯ дар изҳороташ дар Фейсбук рӯзи 18-уми август гузоришу тавсияи парлумонро беарзиш номид. Ба гуфтаи нахуствазири пешин, шикасли Мовсил натиҷаи як амали тарҳрезишудаи ҳукумати Туркия буд.

Парлумони Ироқ рӯзи 17 август гузориши як гурӯҳи парлумониро барои ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба таслими Мовсил ба Додситонии кулли кишвар фиристод.

Аз ин пеш нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ тасмими ташкили мурофиа дар трибунал ё додгоҳи ҳарбӣ алайҳи низомиёни воломақомеро пазируфт, ки шаҳри Ромадиро ба ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” таслим карданд.

Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, воқеъ дар ғарби Ироқ, моҳи май аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ишғол шуд. Аз даст додани Ромадӣ сахттарин шикасти артиши Ироқ дар ҳадди аққал як соли ахир маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG