Пайвандҳои дастрасӣ

"Хуҷанд" – мизбони сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016


​Хуҷанд макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро макони баргузории сабқати интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2016 дар Осиёи Марказӣ тасдиқ кард. Сабқати интихобӣ аз 14 то 16 ноябри соли равон дар маҷмааи нави «Қасри варзиш»-и Хуҷанд, ки ғунҷоишаш 2670 тамошогар аст, баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Осиёи Марказӣ чаҳор дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон – ширкат меварзад. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Узбакистон – Тошканд – барпо мегардад, роҳ меёбад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт таҳти раҳбарии сармураббӣ Шодӣ Ҳусейнов ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 тӯли ду ҳафта омодагӣ дид, 17 август ба Душанбе баргашт.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Дубай ва Эл-Кувайт панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар як бозӣ бар тими миллии Кувайт бо ҳисоби 5:2 ғолиб омада, дар сетоаш аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) бо ҳисоби 3:5, «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо ҳисоби 4:6 ва мунтахаби Кувайт бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд ва як бозиро бо мунтахаби ИМА бо ҳисоби мусовии 3:3 ба анҷом расонданд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бозиҳои санҷишӣ дар Кувайту Дубай ба омодагии ҳамаҷонибаи дастаи мо ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 мусоидат намуданд. Мо аз он хушҳолем, ки сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи мо дар Тоҷикистон доир мешавад. Мекӯшем, ки ба даври баъдӣ роҳхат бигирем”.

XS
SM
MD
LG