Пайвандҳои дастрасӣ

Искандаровро барои "сӯҳбат" ҷазо доданд


Маҳмадрузӣ Искандаров бо гуноҳи терроризм ва суистифода аз мақом ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Маҳмадрузӣ Искандаров бо гуноҳи терроризм ва суистифода аз мақом ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Маҳмадрузӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократро, барои риоят накардани муқаррароти зиндон ҷазо дода ва ӯро ба адои ҳукм ба зиндони Кирпичний дар ноҳияи Ваҳдат интиқол додаанд. Аббосидин Ҳомидов, бародарзодаи Маҳмадрузӣ Искандаров, рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди нашри мусоҳибаи сиёсатмадори зиндонӣ бо Радиои Озодӣ, намояндагони Раёсати ислоҳии маҳбаси вазорати адлия ӯро даъват карда ва ҳамчун ҷазо ба зиндони “Кирпичний” интиқол додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот хостаанд, ки аз ҳамин роҳ иртиботи Маҳмадрузӣ Искандаровро бо хабарнигорон қатъ кунанд. Дар зиндонҳои Тоҷикистон муошират бо матбуот бидуни иҷоза мамнӯъ аст. Як мақоми раёсати маҳбасҳои вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “се рӯз аст, ки Маҳмадрузӣ Искандаров дар маҳбаси рақами 4/7 давраи карантинро пушти сар карда, бо қоидаҳои ин маҳбас шинос шуда, баъди 9 рӯз барои адои давраи ҷазо дар ҳамин маҳбас мемонад.”

Аммо ин манбаъ сабаби аслии аз Маҳбаси махсуси раёсати ислоҳии ба зиндони Кирпичний интиқол додани Маҳмадрузи Искандаровро шарҳ надод. Маҳмадрузӣ Искандаров ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “иштибоҳи Ҳизби демократ дар солҳои аввали истиқлолият ин буд, ки аз паси Ҳизби наҳзати исломӣ рафтааст.”

XS
SM
MD
LG