Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони адлияи 5 кишвар дар Душанбе


Вазирони адлияи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд ва масоили ҳамкориҳо ва таъмини волоияти қонун дар кишварҳои узвро баррасӣ мекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли баргузории ин нишаст – толори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон гузориш дод, ки вазирони адлияи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистону Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони кишварҳои нозир – Афғонистон, Ҳинд ва Покистон дар ин нишаст ширкат доранд. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон гуфт, ки ҳайати ин кишвар дар раъси Музаффар Икромов, вазири адлияи Узбакистон ба ҷаласаи Душанбе рафтаанд. Баррасии дурнамои ҳамкориҳо миёни вазоратҳои адлияи кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва таъмини волоияти қонун, ҳамоҳангӣ дар қонунгузориҳои кишварҳои узв аз масоили матруҳа дар нишасти Душанбе аст. Интизор меравад. Дар поёни нишаст, изҳороти муштарак қабул шуда ва мувофиқатномаи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узв ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG