Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлае дар шаҳри Қарочии Покистон як сиёсатмадори мухолиф маҷрӯҳ шуд ва ронандаи ӯ ба ҳалокат расид. Ҳамла ба Абдул Рашид Годил, узви ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи қавмӣ (MQM) рӯзи 18-уми август дар ҳоле сурат гирифт, ки музокироти душвори сиёсӣ бо ин ҳизб шурӯъ шудааст.

Ҷунбиши муттаҳидаи қавмӣ дар Қарочӣ нуфузу таъсири зиёд дорад, аммо ахиран дар амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ як теъдод аз аъзояш боздошт шуданд. Вакилон ин ҳизб рӯзи 12-уми август ба нишони эътироз алайҳи ин амалиётҳо парлумони Покистонро тарк намуданд. Мақомоти вилояти Синд гуфтанд, ки фаъолони боздоштшудаи MQM дар куштор ва дар робита бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор мешаванд.

Фармондеҳи Корпуси Қарочӣ генерал-лейтенант Навид Мухтор мегӯяд, ки амалиёт дар ин шаҳр бо сиёсат ҳеҷ рабте надорад ва орӣ аз ҳама гуна хотирбинӣ ваё фишор буд.

XS
SM
MD
LG